• Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

 

Дӯстони азиз, мизоҷон ва шарикони муҳтарам!

 

Ширкати ТТЛ Шуморо самимона ба муносибати  Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамояд!

Ин ҷашни пуршараф рамзи озодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва ҳаракати устувори кишвари мо ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад. Истиқлоли давлатӣ барои меҳнати созанда, рушди иқтисод, технология, фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа заминаи боэътимод фароҳам овардааст.

 

Ба Тоҷикистони азизамон шукуфоии минбаъда, суботи пойдор ва дастовардҳои нав орзу намуда, ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, саодати хонаводагӣ, комёбиҳо, сулҳу осоиш ва эътимод ба фардои нек таманно дорем.

Бигзор ваҳдат, созандагӣ ва талош барои рушд ҳамеша асоси муваффақиятҳои муштарак ва шукуфоии Тоҷикистон бошанд!

 

Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

 

Бо эҳтиром,

Ширкати ТТЛ

telegram