Дар бораи ширкат

Бо таъсисёбии ҶСП «Телекомм Технолоджи» нуқтаи сарҳисоби ҷорӣ намудани Интернет дар Тоҷикистон оғоз мегардад.

 

Соли 1994 ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Телекомм Технолоджи» таъсис шуда буд. Маҳз дар он замон рушди аслӣ дар соҳаи дастрасӣ ба Интернет ва телефонияи мобилӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид. Аллакай соли 1996 ширкати «Телекомм Технолоджи» ба ҳайси аъзои ташкилоти байналмилалии системаҳои моҳворавии алоқа INTELSAT шомил гардид. Бад ин васила, ширкат ба кушодашавии муҳити виртуалии умумибашарии – Интернет барои тоҷикистониён қадами аввалинро гузошт.

 

Дар соли 2003 TTL давра ба давра истгоҳҳои моҳворавии VSAT –ро дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба истифода дод. Ин истгоҳҳо интернетро дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дастрас гардониданд. Дар мамлакат шабакаҳои моҳворавии муттаҳидшуда ва ирсоли иттилоот бунёд карда шуд. 

 

Худи ҳамон вақт Ширкат IP–телефония-ро  ҷорӣ намуда, бо ин сифати хизматрасонӣ ва қулайнокиву бароҳатии онро баланд бардошт.


Ширкат дар соли 2006 дар Тоҷикистон ба бунёди шабакаи NGN оғоз намуда, бо ин инъикоси бе дахолати видеоиро ҳангоми суҳбат пешниҳод намуд. Дар соли 2007 бошад,  TTL  дар мамлакат системаи алоқаи бе сими стандарти CDMA-ро ҷорӣ намуд. 

 

Шабакаи нахӣ-оптикии  миқёси ҷумҳуриявӣ, ки Ширкат ба бунёди он соли 2009 оғоз намуд, минбаъд ба истифодабарандагон имконияти  ирсоли иттилооти бештар ба масофаи дурро таъмин намуд. Дар ин асно шабака шароити мусоиди дастрасии шабонарӯзӣ ба Интернетро бо миқдори зиёди муштариён муҳайё намуд.

 

Тобистони соли 2016 TTL боз ҳам Ширкати аввалин шуда, дар мамлакат   IP-TV-ро  ҷорӣ намуд.

 

Дар айни замон дар бозори хизматрасониҳои коммуникатсионӣ даҳҳо ширкатҳо фаъолияти худро пеш мебаранд, аммо ҶСП “Телекомм  Технолоджи” ҳоло ҳам яке аз калонтарин интернет-провайдер дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад ва ягона Ширкате мебошад, ки  IP-TV-ро бо доираи васеъи хизматрасониҳо ва имкониятро пешниҳод менамояд.

Ширкат дар соли 2006 дар Тоҷикистон ба бунёди шабакаи NGN оғоз намуда, бо ин инъикоси бе дахолати видеоиро ҳангоми суҳбат пешниҳод намуд. Дар соли 2007 бошад,  TTL  дар мамлакат системаи алоқаи бе сими стандарти CDMA-ро ҷорӣ намуд. 

 

Шабакаи нахӣ-оптикии  миқёси ҷумҳуриявӣ, ки Ширкат ба бунёди он соли 2009 оғоз намуд, минбаъд ба истифодабарандагон имконияти  ирсоли иттилооти бештар ба масофаи дурро таъмин намуд. Дар ин асно шабака шароити мусоиди дастрасии шабонарӯзӣ ба Интернетро бо миқдори зиёди муштариён муҳайё намуд.

 

Тобистони соли 2016 TTL боз ҳам Ширкати аввалин шуда, дар мамлакат   IP-TV-ро  ҷорӣ намуд.

 

Дар айни замон дар бозори хизматрасониҳои коммуникатсионӣ даҳҳо ширкатҳо фаъолияти худро пеш мебаранд, аммо ҶСП “Телекомм  Технолоджи” ҳоло ҳам яке аз калонтарин интернет-провайдер дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад ва ягона Ширкате мебошад, ки  IP-TV-ро бо доираи васеъи хизматрасониҳо ва имкониятро пешниҳод менамояд.

Мукофотҳо

Сипоснома

Сипоснома

Сипосномаи Федератсия миллии таэквандо ва кикбоксинги Ҷумхурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳамаҷониба ба варзишгари умедбахш, Чемпиони ҷаҳон оид ба таэквандо Сатторов Масрур

Сипоснома

Сипоснома

.

Таърих

1994 сол

Таъсисёбии ҶСП «Телекомм Технолоджи»

с 1994 года по 1996 год

Ширкат зиёда аз 40 шабакаи бонкӣ ва корпоративиро дар миқёси Ҷумҳурӣ ташкил намуд; ҶСП «Телекомм Технолоджи» узви ташкилоти байналмилалии системаҳои алоқаи моҳворавии INTELSAT D.A.T.E. USER гардид; Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСП «Телекомм Технолоджи» аввалин шуда дар Тоҷикитсон системаи телевизиони рақамиро бо стандарти MPEG-2 роҳандозӣ намуда, таҳвили онро дар ВМКБ (ш.Хоруғ) таъмин намуд;

23 декабри 1998 сол

Ширкат аввалин шуда дар Тоҷикистон дастрасии интернетро ба сокинони ш.Душанбе таъмин намуд

2000 сол

Байни ҶСП «Телекомм Технолоджи» ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ қарордод оид ба маблағгузории лоиҳаи ширкат «Дар бораи таъсис додани шабакаи умумиҷумҳуриявӣ Интернет дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Корбурди истгоҳи аввалини моҳворавии VSAT ва ташкил намудани дастрасӣ ба шабакаи Интернет барои истифодабарандагони ш.Хуҷанд, вилояти Суғди Тоҷикистон

2001 сол

Ҷорӣ намудани системаи IP-телефония ва кушодашавии якумин Интернет кафе дар ш.Душанбе; Ширкат соҳиби ҷоизаи "Медали Тиллоӣ" аз Ассотсиатсияи саноатчиён Фаронса барои дастовардҳо дар соҳаи идоракунӣ (Париж, Фаронса)

2003 сол

Байни Ширкат ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ қарордод оид ба маблағгузории лоиҳаи ширкат «Дар бораи таъсиси шабакаи умумиҷумҳуриявии Интернет дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид; Ширкат соҳиби ҷоизаи "Ситораи байналмилалии тиллоии сифат" барои сатҳи баланди пешниҳоди хизматрасониҳо (Женева, Швейтсария); Оғози роҳандозӣ ва корбурди лоиҳаи «Таъсиси шабакаи умумиҷумҳуриявии интернет дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон»

15 сентябри 2004 сол

Ширкат истгоҳи моҳворавии VSAT-ро дар маркази маъмурии ВМКБ – ш.Хоруғ ва ш.Қурғонтеппаи вилояти Хатлон бо имконияти дастрасӣ ба шабакаи Интернет роҳандозӣ намуд

2005 сол

Бо кушодани дастраси ба шабакаи Интернет барои сокинони ш.Панҷакент (вилояти Суғд) дар Тоҷикистон шабакаи пайвасти таҳвили маълумот таъсис дода шуд; «Телекомм Технолоджи» ба таъсиси шабакаи NGN дар Тоҷикистон оғоз намуд.

2006 сол

«Телекомм Технолоджи» шабакаи насли ояндаро NGN-Next Generation Network роҳандозӣ намуд. Ба ҳайси шарик ва таҳвилгар ширкати HuaweiTechnologies интихоб гардид; «Телекомм Технолоджи» соҳиби ҷоизаи "Тоҷи сифат" дар категорияи "Platinum" Конвенсияи Байналмилалӣ оид ба сифат (Лондон) гардид

2007 сол

Ҷорӣ намудани системаи алоқаи бесими стандарти CDMA 2000 1X – CDMA WLL дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

2008 сол

Ба имзо расонидани қарордоди қарзӣ бо Бонки Аврупоии Рушд ва Таҷдид оид ба рушди шабакаи CDMA 2000 1x WLL дар ҳудуди НТМ ва вилоятҳои Суғду Хатлон

2009 сол

Ширкат ба сохтмони шабакаи миқёси умумиҷумҳуриявии нахию нурӣ оғоз кард

2010 сол

Ширкат шабакаи магистралии нахию нурии SDH-ро ҷорӣ намуда, дастрасиро ба шабакаи Интернет бо суръати 50мб/с таъмин намуд; Рушди дастрасии шабакаи нахию нурӣ бо суръати 140мб/с; «Телекомм Технолоджи» барои шабакаи нақлиётӣ дар шаҳрҳои – Душанбе, Хуҷанд, инчунин дар марказҳои ноҳиявӣ – Варзоб, Айни, Панҷакент таҷҳизот насб намуд

10 декабри 2011 сол

Рушди шабакаи магистралии нахию нурӣ (SDH) – “Шимол-Ҷануб” ва таъмини дастрасӣ ба шабакаи интернет дар сатҳи – 2xSTM1 – то 300 Мб/с

2012 сол

Зиёд намудани имконияти гузариши канали берунаи Интернет то сатҳи 4хSTM1 ё 600 Мб/с

Шарикони мо

Дархост барои машварат

Дархост гузоред ва мо дар давоми як рӯз ба шумо занг мезанем

Бо пешниҳоди шакл, ман ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ мешавам

telegram