
Муштариёни гиромӣ, шарикон ва дӯстони азиз!
Ширкати TTL Шуморо самимона бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик менамояд!
Ин ҷашни бузург рамзи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ягонагии мардуми Тоҷикистон мебошад. Ваҳдати миллӣ асоси устувории давлат, пешрафти ҷомеа ва рушди устувори кишвари азизи мо ба шумор меравад.
Бо шарофати сулҳу субот ва ҳамбастагии мардум Тоҷикистон ҳар рӯз ба сӯи дастовардҳои нав қадам мегузорад. Мо итминон дорем, ки танҳо дар фазои ягонагӣ ва ҳамкорӣ метавон ояндаи дурахшон ва зиндагии шоистаро барои наслҳои оянда бунёд намуд.
Ба Шумо ва наздиконатон саломатии бардавом, саодатмандӣ, рӯзгори пурфайз, комёбиҳои нав ва осмони соф орзу менамоем. Бигзор сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳамеша дар Тоҷикистони азиз пойдор бошад.
Иди Ваҳдати миллӣ муборак!
