Бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон!

 

Ширкати TTL тамоми ҳамватанон ва муштариёни гиромиро ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон самимона табрик менамояд.

 

Бигзор ин моҳи пурфайзу баракат ба хонадонҳои шумо сулҳу оромӣ, фаровонӣ ва ҳамоҳангии маънавӣ оварад.

Орзумандем, ки рӯзҳои рӯза дар фазои сабру таҳаммул ва таҳкими имон сипарӣ гардида, дуову ибодатҳои шумо мақбул даргоҳи Худованд қарор гиранд.

Рамазон айёми анҷоми корҳои хайр, ваҳдат ва ғамхорӣ нисбат ба наздикон мебошад. Ба ҳар яки шумо саломатӣ, саодат ва шукуфоии рӯзгор таманно дорем.

 

Рамазон муборак!

telegram