logotype.png
Хадамоти ёридиҳанда +992 48 701 88 88

Диққат!

ҶСП «Телекомм технолоджи» оиди баста шудани нақшаҳои тарофаҳо ва боло шудани нархҳо иттилоъ медиҳад.

Аз 1-уми марти соли 2017 ҶСП «Телекомм технолоджи» хизматрасонии муштариёни интернети ҷадвали тарофаҳои «ИДОНА» ва «ХАМРОХИ МО», ки ба шабака бо технологияи ADSL (хатти телефоннӣ) пайваст шуда буданд, қатъ менамояд.

Муштариёни нақшаҳои тарофавии номбурда шуда, ба тарофаи дилхоҳи амалкунанда имконияти гузариши ройгон доранд.

Инчунин, аз 1-уми марти соли 2017 ба ҷадвали тарофавии «ПЕШРАФТ» тағйиротҳо дароварда мешаванд. Чунончи, нархи пардохти муштарӣ ба тарофаи мазкур барои ҳамаи шаклҳои пайвастшавӣ (нурӣ, ADSL, GPON) боло мераванд.

Муштариёни амалкунандаи тарофаи мазкур, инчунин, имконият доранд ба тарофаи дигари Ширкат комилан ройгон гузаранд.

Баргашт ба рӯйхат

Воридшавӣ ба дафтари шахсӣ

Рамзро фаромуш кардед?

Закрыть